Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедвориҳои Медведев аз сафари Обама ба Маскав


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти қарибулвуқӯи ӯ бо ҳамтои амрикоиаш Барак Обама дар Маскав ба барқарории равобити миёни Маскаву Вашингтон мусоидат хоҳад кард. Дар як навори видеоии Кремлин, ки имрӯз ба нашр расид, Медведев хоҳиши маъмурияти Обамаро барои тағйири вазъ ва беҳбуд бахшидани равобите, ки вақтҳои охир ба таниш гароидааст, ситоиш кард. Медведев дараҷаи ин равобитро наздик ба даврони "аҳди ҷанги сард" қаламдод кард. Сафари Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ба Маскав рӯзи 6 июл оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG