Пайвандҳои дастрасӣ

Мероси Майкл Ҷексон ба аҳли хонаводааш мегузарад


Дар тафсилоти баъди марги Майкл Ҷексон, султони мусиқии попи ҷаҳон гуфта мешавад, ки вай кулли моликияти худро ба аҳли оилааш мерос гузошта будааст. Аз рӯи санаде, ки дар як додгоҳи Лос-Анҷелес июли соли 2002 ба қайд гирифта шудааст, инчунин маълум мешавад, ки вай чизе барои ҳамсари қаблиаш Деббӣ Ров, ки модари фарзанди калонии ӯ будааст, мерос нагузоштааст. Дар ин хати васиқаи Ҷексон ҳаҷми дороиҳои ӯ дар ҳудуди 500 миллион доллар баровард шудааст, ҳарчанд маълум нест, ки оё ин миқдор сарват бар асоси кадом ҳисобҳо карда шудааст. Баъди марги Майкл Ҷексон дар синни 50-солагӣ, ки аз ин ҳодиса як ҳафта мегузарад, маълум шуд, ки вай қарзҳои хеле зиёд доштааст. Инчунин ҳанӯз маълум нест, ки оё маросими хоксупории вай кай ва дар куҷо баргузор мешавад. Хонаводаи ӯ бо нашри изҳороте гуфтааст, ки писари онҳо дар ранчои Neverland Valley, ки дар Калифорния ҷойгир аст, ба хок супурда намешавад.
XS
SM
MD
LG