Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин масъули равобити Амрико бо ҷаҳони ислом


Фараҳ Пандит дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон, 1-уми июли соли 2009.

Фараҳ Пандит дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон, 1-уми июли соли 2009.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида нахустин бор шахсеро ба мақоми Вакили махсуси равобит бо ҷамоаи мусулмон таъин кард.

Хонуми Фараҳ Пандит худ дар бораи касбаш мегӯяд, вазифаи ӯ "гуфтугӯ ва муколама" буда, бояд шеваҳои нави муносибати Амрико ва ҷаҳони исломро муайян ва роҳандозӣ кунад.

Таъсиси ин мақом ва таъини Фараҳ Пандит ба он дар Вазорати умури хориҷии Амрико дар партави паёми раисиҷумҳури Иёлоти
Зарофат зарур аст. Ва эҳтирому гӯш додан. Ва созандагӣ. Барои иҷрои ин бояд чандин навъ ташаббусҳо офарида шаванд...
Муттаҳида, Барак Обама, ба мусулмонони ҷаҳон, ки рӯзи 4-уми июн дар Қоҳира, пойтахти Миср садо дод, сурат гирифтааст.

Фараҳ Пандит мусулмони амрикоист, ки дар Кашмири Ҳиндустон зода шуда, дар хурдсолӣ хонаводааш ба Амрико ҳиҷрат кардааст.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, ӯро ба мақоми навтаъсиси Вакили махсуси равобит бо ҷамоаи мусулмон таъин кард. Ин таъинот бозгӯйкунандаи талоши раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама аст, на танҳо ба беҳбуди симои Амрико дар ҷаҳони ислом, балки ба муколамаи доимӣ бо мусулмонои Аврупо, Африқо ва Осиё.

Обама дар Қоҳира ба оғози як марҳилаи нави муносибатҳои Амрико ва ҷаҳони ислом даъват кард. Паёми ӯ мавриди истиқболи мусулмонон қарор гирифт, ки мушкили асосиро дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи айёми президент Ҷорҷ Буш бастагӣ медиҳанд ва фикр мекунанд, ин сиёсат дар ҳамаи самтҳо зидди мусулмонон буд, аз ишғоли Ироқ гирифта, то ҳабси абад дар Гуантанамо ё тавҳини маҳбусон дар Абӯғрейб.

Хонуми Пандит мегӯяд, таҷрибаи омехта дар риштаҳои хусусӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки ба вай имкон медиҳад, вазифаи худро эҷодкорона анҷом диҳад ва бо мусулмонон дар одитарин сатҳ забон ёбад: "Зарофат зарур аст. Ва эҳтирому гӯш додан. Ва созандагӣ. Барои иҷрои ин бояд чандин навъ ташаббусҳо офарида шаванд."

Фараҳ Пандит мегӯяд, муколама бояд дуҷониба ва самимона бошад. Барои ин аз ҳамаи икмониятҳои Амрико истифода сурат хоҳад гирифт. Аммо ба ақидаи ӯ, дар марҳилаи аввал шунидани сухани мусулмонон ва фаҳмидани ончӣ, ки дар воқеъият ҷараён дорад, муҳимтар аст.

Бо вуҷуди ягонагияш, ҷаҳони ислом, тафовутҳои зиёди дохилӣ дорад ва ба гуфтаи Пандит, ки таҷрибаи мусулмон будан дар Амрикоро доштааст, дар ин кишвар мусулмононе ба сар мебаранд, ки аз 80 мамлакат омадаанд.

Аслан, вазифааш барои хонуми Пандит нав нест. Вай дар соли 2007 аз тарафи президенти собиқи Амрико, Ҷорҷ Буш, ба мақоми мушовири умури ҳамкорӣ бо мусулмонон дар Аврупо ва Авруосиё даъват шуда буд. Вай ҳамчунин дар Шӯрои амнияти миллии Амрико ва намояндагии Бунгоҳи рушди байнулмилал дар Кобул кор кардааст.

Хонуми Пандит мегӯяд, бисёр сафар ва бо мардуми мусулмон гуфтугӯ хоҳад кард, махсусан бо ҷавонон: "Ман аз тариқи сафоратҳо кор карда, мехоҳам, ҳамчунин роҳеро ба маҳфили насли ҷавон пайдо кунам. То сухани онҳоро бишнавам. Вақте ки ман аз зарофат мегӯям ва ба он таъкид мекунам, бисёр муҳим аст, инро фаҳмид, ки як чизест дар Вашингтон, ки мо мехоҳем, ба ҳама талқин кунем."

Аммо хостан ё гуфтан фақат ними кор аст, мегӯяд Акбар Аҳмад, раҳбари пажӯҳишҳои исломӣ дар Донишгоҳи амрикоии Вошинтон. Аҳмад борҳо ба генерал Дейвид Петреус ва сафир Ричард Ҳолбрук дар бораи ислом ва сиёсати хориҷӣ машварат додааст. Китоби ӯ "Кашфи ислом" аз тарафи Би-Би-Сӣ ба сериали телевизионӣ табдил ёфт.

Вай мегӯяд, бояд аз сухан ба амал гузашт: "Обама барои ҳамаи ин вақт надорад. Вай сари зин ва дар ҳоли ҳаракат аст ва бӯҳрон дар Афғонистону Покистон, ду кишвари мусулмон, ҳарчӣ бештар буруз мекунад. Вазъи Ховари Миёна дар ҳоли ҷӯшиш аст ва вақте барои шунидану баҳс кардан нест. Ҳоло фурсатест, ки решаи мушкилот дарк шавад ва Фараҳ, зоҳиран ин решаҳоро медонад ва пешниҳодҳое мекунад, ки бояд ҳароратро нармтар кунанд ва умеди ҳамгироӣ бо мусулмонони ҷаҳонро ба вуҷуд оранд."

Дар зимн, раисиҷумҳури собиқи Амрико, Ҷорҷ Буш ҳам ташаббусе нишон дода, Карен Ҳуфс, ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро масъули равобит бо ҷаҳони ислом таъин карда буд. Он вақт ҳам умедҳои зиёде ба миён омад ва тадриҷан аз байн рафт. Чизе дигар нашуд.

Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, хатари бархато рафтани умедҳо ин бор ҳам ҷой дорад. Вай гуфт, ҳарчанд аз таъиноти Фараҳ Пандит огоҳ аст ва истиқбол мекунад, нокомиҳои гузашта дар ин фароянд эътимод байни Амрико ва ҷаҳони исломро аз байн бурдаанд ва гумон аст, одамон ба муваффақияти ташаббуси нав бовар кунанд.

"Фақат ҳамон вақт мешавад, ин бовариро эҷод кард, ки алалақал масъалаи фаластиниву исроилиҳо ҳалли одилонаи худро ёбад, амрикоиҳо аз Ироқ ва Афғонистон хориҷ шаванд ва дахолатро ба корҳои дохилии кишварҳои исломӣ, хусусан дар масъалаи тағйи дондани барномаҳои дарсии ин мамлакатҳо, ҳуҷуми фарҳангӣ болои ин кишварҳо ва тақвияти режимҳои истибододӣ дар ин мамолик -- агар дар як ё ду масъала сиёсати Амрико тағйир ёбад, шояд он вақт метавонем, бигӯем, ки Амрико кӯмаккунандаи эҷоди низомҳои мардумсолорӣ дар кишварҳои исломист. Зимнан онҳо бояд ба сарварони Осиёи Марказӣ ҳам бифаҳмонанд, ки бояд ба дин ва ормонҳои динии мардум арҷ гузошт."

Ҷаноби Тӯраҷонзода афзуд, дигаргуниҳои амалӣ шубҳаву гумонро аз байн хоҳад бурд ва фаъолияти Вакили махсуси
Иёлоти Муттаҳида бо ҷамоаи мусулмон, Фараҳ Пандитро ба сатҳи намоён ва муваффақ хоҳанд расонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG