Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ҳукми марги шаш нафар ба иҷро даромад


Як нашрияи расмии эронӣ мегӯяд, ки дар ин кишвар ахиран шаш мард дор кашида шуданд. Бо ин шумори куллии эъдомшудаҳо дар Ҷумҳурии Исломӣ соли ҷорӣ ба 100 нафар баробар мешавад. Нашрияи "Эрон" менависад, ки ҳамаи ин шаш мард барои даст задан ба ҳодисаҳои ҷудогонаи қатлу куштор муттаҳам мешуданд. Дар Эрон барои ҷиноятҳои мисли куштор, таҷовуз, ғорати мусаллаҳона, одамрабоӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳукми марг пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG