Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқиди Мусавиву Каррубӣ ва Хотамӣ аз интихобот


Ду номзади мағлубшудаи интихоботии Эрон пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро маҳкум карда иддао карданд, ки ҳукумати нави ӯ ғайриқонунӣ хоҳад буд. Нахуствазири собиқ Мирҳусайни Мусавӣ ва рӯҳонии ислоҳотталабон Меҳдии Каррубӣ бо пахши изҳороте дар сайти интернетии худ натиҷаҳои интихоботи рӯзи 12 июнро рад карда раъйдиҳиро бо иллати вуҷуди тақаллуби фарогир ғайриқонунӣ хондаанд. Дар як изҳорот ислоҳотталаби бонуфуз Муҳаммади Хотамӣ низ интихоботро танқид кардааст. Хотамӣ мақомотро барои боздоштҳои саросарӣ ва поймолкунии ҳуқуқи боздоштшудаҳо, водоркунии онҳо ба эътирофи гуноҳҳояшон дар баробари наворҳои телевизионӣ интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG