Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Гурҷистон: музокироти бештар дар пеш аст


Дар моҳи ҷорӣ ва сентябри имсол чанд музокирот бо ҳадафи таъмини эътидол дар минтақаи Қавфқоз бо миёнҷигии ҷомеаи байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин замина намояндагони Русия ва Гурҷистон дар Женева музокироти иборат аз шаш даврро роҳандозӣ мекунанд, ки барои поин бурдани хатароти такроршавии ҷанги панҷрӯзаи ҳамсони порсола миёни Гурҷистону Русия равона шудааст. Ин музокираҳо таҳти сарпарастии САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ ба роҳ монда мешавад ва дар кори он ҳамчунин намояндаҳои манотиқи ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ширкат меварзанд. Дар изҳороти муштараки миёнҷиҳои байналмилалӣ гуфта мешавад, ки гуфтугӯи ахир дар Женева дар як фазои созанда ҷараён гирифт.
XS
SM
MD
LG