Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи амалиёти густарда дар Ҳилманд


Нирӯҳои дарёии амрикоӣ амалиёти густардаеро зидди ҷангиёни Толибон дар вилояти Ҳилманд, ҷануби Афғонистон ба роҳ монданд. Изҳороти низомиёни амрикоӣ ҳокист, ки ба амалиёти "Ханҷар" ҳудудан чаҳор ҳазор сарбози амрикоӣ ва 650 сарбозу нирӯҳои полиси Афғонистон сафарбар шудаанд. Амалиёте, ки бо пуштибонии чархболҳо пиёда мешавад, субҳи содиқи имрӯз шурӯъ шуд. Ин нахустин амалиёти нирӯҳои дарёии амрикоӣ баъди ба Афғонистон бо як амри раиси ҷумҳурӣ Барак Обама сафарбар шудани 21 ҳазор сарбози иловагӣ мебошад. Вилояти Ҳилманд яке аз паноҳгоҳҳои аслии Толибон дар ҷануби Афғонистон мебошад, ки дар ин қаламрав бузургтарин майдонҳои кишти хашхоши ин кишвар ҷойгир мебошад.
Дар ҳамин ҳол, низомиёни Покистон гуфтанд, ки нирӯҳои ин кишвар дар хати марз бо Афғонистон қарор гирифта барои ҷилавгирӣ аз вуруди Толибон, ки шояд бо фирор аз амалиёти амрикоиҳо роҳ сӯи ин кишвар оваранд, қарор гирифтанд. Сухангӯи низомиён генерал-майор Атҳар Аббос мавқеъгирии нирӯҳоро ҳамчун як чизи оддӣ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG