Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия казиноҳо баста шуданд


Саҳни холии казинои "Метелитса" дар Маскав

Саҳни холии казинои "Метелитса" дар Маскав

Иҷрои қарори пешинаи ҳукумати Русия сабаби бекор мондани 400 000 нафар шуда, ба буҷа наздики 1 миллиард доллар зарар хоҳад овард.

Cар аз рӯзи якуми июл, ҳамаи казино ва толорҳои мошину дастгоҳи қиморбозӣ дар Русия баста шуданд. Дӯстдорони қимор акнун барои фурӯ нишондани ҳаяҷони бурд ва андӯҳи бохт маҷбуранд, ба чаҳор минтақаи махсуси Русия сафар кунанд. Ягона мушкил ин аст, ки худи ҳамин минтақаҳо ҳанӯз вуҷуд надоранд.
Русия мехоҳад дар дуним сол чаҳор шаҳри шабеҳ ба Лас Вегаси Амрико бунёд кунад. Ин ҳам дар манотиқе, ки он ҷо на роҳ аст, на об, на барқ ва на одам...

Казиноҳои Новий Арбат ё Арбати Нав, кӯчае иборат аз силсилаи қиморхонаҳо дар Маскав, аллакай чароғҳои худро хомӯш кардаанд. Дар девори шишагини яке аз куҳансолтарин казиноҳои Маскав, бо номи Метелитса ду лавҳа овехта шудааст. Дар яке навишта шудааст, "ташаккур барои 16 соли эътимод" ва дар дигаре бино ба иҷора пешкаш мешавад.

Ҳунарпеша Екатерина Пушкова, ки дар ҳамин минтақа зиндагӣ мекунад, субҳи зуд аз манзараи тағйиркардаи кӯча акс мебардошт.

Вай мегӯяд: "Ин як бахше аз таърихи Маскав аст. Ҳақиқатан ҳам 16 сол шуд. Мо дар наздикии ин казино зиндагӣ мекунем. То ҷое ки ба ёд меорам, ин бино ҳамеша казино буд. Хеле қиссаву афсонаҳо дорад он. Лавҳаи ташаккур барои шонздаҳ соли боварӣ эҳсосотеро ангезиш медиҳад."

Казиноҳо бахши муҳиме аз Русияи солҳои 1990 буданд, ки дар паси мизҳои махмалӣ ё мошинҳои гиирдгардони онҳо миллионҳо доллар бохта ё бурда мешуд. Ин ҷо авбошон ва маъшуқаҳои онҳо қимор мезаданд, ки бархе аз онҳо соҳибони аслии казиноҳо буданд.

Дар соли 2006, Владимир Путин, ки он вақт президенти Русия буд, қонунеро пеш гузошт, ки аз авали июли соли 2009 ин муассисаҳоро дар саросари кишвар, ба истиснои чаҳор минтақаи махсус бубандад.

Ин манотиқ дар Шарқи Дур, наздикии Кореяи Шимолӣ ва марзи Чин, кишвари Олой, Калининград ва соҳили баҳри Азов баргузида шуданд.

Майкл Бетчер, раиси ширкати "Storm International", ки дар Русия чандин казино дорад, акнун маҷбур аст, муассисаҳои даҳсолаи худро бубандад.

Бетчер мегӯяд, "Русия мехоҳад дар дуним сол чаҳор шаҳри шабеҳ ба Лас Вегаси Амрико бунёд кунад. Ин ҳам дар манотиқе, ки он ҷо на роҳ аст, на об, на барқ ва на одам. Имкони ин ҳам, ки одамон ба он ҷо сафар кунанд, хеле ночиз аст. Вагарна ин бисёр андешаи ҷолиб буда метавонист."

Ба гуфтаи Бетчер ҳанӯз ягон ширкати қимори Русия эълон накардааст, ки ба минтақаҳои нав хоҳад кӯчид. Аз баста шудани казино ва муассисаҳои тафреҳу қимор наздик ба 400 000 нафар бекор хоҳанд монд ва буҷаи давлат солона 1 миллиард доллар зарар хоҳад дид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои охир, баъди ба ихтиёри Кумитаи давлатии варзиши Русия гузаштани ҳаққи иҷоза, шумораи казиноҳо дар ин

кишвар ба таври бесобиқа афзоиш ёфта буд. Иҷозаи гузоштани як мошини қиморбозӣ ҳамагӣ 20 долларро ташкил медод. Ба шумораи мошинҳо маҳдудияте вуҷуд надошт.

Пизишкони рус аз афзоиши беморони қимор дар кишвар ҳушдор доданд ва дар ин мошинҳо тайи соатҳои дароз на танҳо пулдорон, балки нафақахӯрону афроде монанди муҳоҷирони тоҷик сармояи худро бар бод медоданд.

Ин буд, ки қонуни манъи қимор дар байни аҳолӣ пуштибонии васеъ пайдо кард. Хонуми Пушкова мегӯяд, шахсан ин қонунро дуруст мешуморад:

"Мушкили онҳоеро осон мекунад, ки гирифтори қиморанд, аммо барои ин пули зиёд надоранд. Ба фикрам, бастани казиноҳо оилаҳои зиёдеро ҳифз хоҳад кард."

Бо вуҷуди хушнудии бахше аз аҳолӣ, ҳатто шояд бахши аъзами он, дастандаркорони саноати қимору тафреҳ умедворанд, ки мақомоти олии Русия тағйир андеша хоҳанд кард. Аммо президенти Русия, Дмитрий Медведев ахиран гуфт, бозгаште ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.

Дарҳои бастаи казиноҳои Маскав
Ташнагии ҳаяҷони қимор бисёриҳоро ба қиморбозии интернетӣ ҷалб кардааст ва ҳукумати шаҳри Маскав гуфт, ният дорад, ин риштаро низ мамнӯъ эълон кунад.

Казино ва қимор, ҳарчанд дар солҳои 1990 дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ густариши ҳайратоваре касб кард, дар бисёре аз онҳо бо бӯҳрон рӯбарӯст ва на танҳо бо сабаби бӯҳрони бузургтари ҷаҳонӣ, балки зимни муносибати махсуси ҳукуматҳо ба ин ришта.

Дар Тоҷикистон, аз ҷумла казиноҳои машҳури маркази шаҳр аксаран баста шуда, танҳо чанде аз онҳо боқӣ мондааст, ки гуфта мешавад ба ашхоси бонуфуз тааллуқ доранд. Натиҷагирии куллӣ ин аст, ки ин кишварҳо ҳанӯз лаҳни муносиби бархӯрд ба ин ришта ва истифода аз онро ёд нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG