Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Амрико ва президенти Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ мавзӯъҳои мулоқоти қарибулвуқуъашонро баррасӣ карданд.

Дар ин бора ахиран Кохи сафед хабар дод. Сухангӯи Обама Роберт Гибс гуфт, ки сарони ду кишвар дар бораи талошҳо дар роҳи расидан ба коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ низ ишора карданд. Интизор меравад, ки бахши асосии боздиди Обама аз Маскав ба ин мавзуъ бахшида шавад.

Қарор аст Обама ва ҳамсараш Мишел рӯзи душанбе, 6 июл, вориди пойтахти Русия шаванд. Дар ҷадвали боздиди Обама аз Маскав мулоқот бо нахуствазири Русия Владимир Путин низ тарҳрезӣ шудааст. Баъд аз анҷоми сафараш ба Русия Обама дар ҳамоиши сарони кишварҳои ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам дар Итолиё ширкат ва сипас аз он ҷо ба давлати Гана парвоз мекунад.

Дар чаҳорчуби талошҳои Кохи Сафед барои азсаргирии робитаҳои наздик бо Маскав, раисиҷумҳури Амрико ҳанӯз моҳи апрел зимни ҳамоиши сарони 20 кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон дар Лондон эълон карда буд, ки мехоҳад авоили моҳи июл аз Маскав дидан кунад.

Равобити миёни ду рақиби сарсахт дар замони Ҷанги сард дар оғози ҳукуматдории Ҷорҷ Буш беҳбуд ёфта буд ва аммо баъди ошкор шудани тарҳи Кохи Сафед барои бунёди сипари зиддимушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон Вошингтону Маскав дубора дар вазъи “ҷанги сард” қарор гирифтанд.

Кремл нақшаи ҷойгиршавии мушакҳои амрикоӣ дар Лаҳистон ва радари зиддимушакӣ дар Ҷумиҳурии Чехро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии худ арзёбӣ мекунад. Аммо ИМА пайваста таъкид мекунад, ки системаи зиддимушакӣ алайҳи кишварҳои саркаш, ба монанди Кореяи Шимолӣ ва Эрон, равона шудааст.

Маскав ба нақшаҳои густариши Паймони НАТО низ мухолиф буда, ба вижа аз имкони ба узвияти паймон пайвастани Укроин ва Гурҷистон сахт нигарон аст. Маъмурияти Ҷорҷ Буш Маскавро барои ҷанг бо Гурҷистон моҳи августи соли гузашта ва эътирофи истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ мавриди интиқоди шадид қарор дода буд. Русия дар навбати худ истиқлолияти Косоворо напазируфт.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, таниш миёни Вошингтону Маскав зиёд шуд ва аз ин рӯ Обама тасмим гирифтаст, ки ин муносиботро беҳбуд бахшад.

Баъд аз нахустин мулоқоти чашм ба чашм дар Лондон Медведев Обамаро дусти нави худ номида буд. Моҳи декабр эътибори созишнома миёни Амрико ва Русия дар бораи коҳиши теъдоди аслиҳаи стротежӣ ба поён мерасад ва интизор меравад, ки сарони ду кишвар ин мавзуро ҳам баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG