Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зелайя сафараш ба Гондурасро мавқуф гузошт


Ҳукумати муваққатии Ҳондурас, ки баъд аз кудатои низомӣ таъсис шудааст, тақозои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дар мақомаш барқарор кардани раисиҷумҳур Мануэл Зелайяро рад намуд. Ахиран Созмони кишварҳои амрикоӣ ба ҳукумати муваққат 72 соат вақт дод ва изҳор намуд, ки агар дар ин муддат Зелайя дубора дар курсии раисиҷумҳур нанишинад, шояд ширкати Ҳондурас дар ин Созмон мутаваққиф шавад. Худи Зелайя гуфт, ки сафараш ба Ҳондурасро то рӯзи шанбе, то поёни зарбулаҷали Созмони кишварҳои амрикоӣ мавқуф гузоштааст. Раҳбарони ҳукумати муваққат гуфтаанд, ки дар сурати бозгашти Зелайя ба кишвар ӯро боздошт ва барои хиёнат маҳкум ба зиндон мекунанд.
Аз ин пеш Роберто Мичилеттӣ, раҳбари муваққати Ҳондурас, дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press гуфта буд, ки
Мануэл Зелайя “фақат бар асари таҷовузи хориҷӣ” метавонад ба кишвар баргардад. Дирӯз Маҷмааи Кулли СММ дар як қатънома кудато дар Ҳондурасро маҳкум ва раисиҷумҳур Мануэл Зелайяро пуштибонӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG