Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Албания дар интихобот пирӯз шуданд


Дар интихоботи парлумонӣ дар Албания ҳизби ҳукмрони демократӣ пирӯз шуд. Ба иттилоъи комиссиюни интихоботии кишвар, ин ҳизб аз рақиби аслии худ - ҳизби сотсиалистӣ ҳамагӣ яку ним дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шуд. Интизор меравад, ки демократҳо таҳти раёсати сарвазир Солӣ Бериша 70 курсии парлумони дорои 140 ҷойро ишғол кунанд. Намояндагони ҳизб аллакай гуфтанд, ки онҳо эътилофи мӯътадили ҳукмронро ташкил хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, сотсиалистҳо рақибони худро дар он муттаҳам мекунанд, ки онҳо кормандони қитъаҳои интихоботиро тарс додаанд. Нозирон ҳам аз қонуншиканиҳои зиёд дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар доданд.
XS
SM
MD
LG