Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон аз сафар ба Маскав худдорӣ кард


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, дар сафари расмии раисиҷумҳур Барак Обама ба Русия ӯро ҳамроҳӣ нахоҳад кард. Дар ин бора намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико хабар дод ва аммо аз шарҳи тасмими хонум Клинтон худдорӣ намуд. Дар сафари ҳайати ИМА ба Русия Котиби давлатиро як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷӣ иваз хоҳад кард. Сафари расмии Барак Обама ба Русия рӯзи 6 июл шурӯъ шуда се рӯз идома хоҳад кард. 17 июн бар асари як тасодуф дасти хонум Клинтон шикаст ва ӯ маҷбур шуд, ки сафари худ ба Юнон ва Италияро лағв кунад.
XS
SM
MD
LG