Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи амалиёти густарда зидди толибон дар Ҳилманд


Нерӯҳои амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон ба амалиёти густардаи низомӣ шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки амалиёт бо ҳамдастии низомиёни афғон доир мешавад ва ҳадафи он – зарба ба пойгоҳҳои ҷунбиши “Толибон” дар вилояти Ҳилманд аст, ки солҳои ахир ба мавзеъи таҳти нуфузи “Толибон” табдил шудааст.
Ба иттилоъи Пентагон, дар амалиёт тақрибан 4 ҳазор низомиёни амрикое ширкат мекунанд, ки соли равон дар чаҳорчӯби афзоиши нерӯҳо ба Афғонистон интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG