Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Тифлис музокиротро идома медиҳанд


Музокироти миёни Русия ва Гурҷистон доир ба вазъ дар минтақаи низоъи Осетияи ҷанубӣ рӯзи 17 сентябр идома хохад кард. Дар ин бора дар ҷараёни даври навбатии музокирот дар Женева тасмим гирифта шуд. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо Пьер Морел, ки миёнҷигар дар ин музокирот аст, гуфтушуниди миёни Маскав ва Тифлисро “мушаххас ва мусбат” арзёбй кард. Дар музокирот вазъи амниятӣ дар минтақаи низоъ ва мавзӯъи афроди бар асари ҷанги миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта бехонумоншуда баррасй гардид.
XS
SM
MD
LG