Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Мусавӣ ба шикоят аз тақаллуби интихобот


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусайни Мусавӣ дубора мавқеи худро дар заминаи ғайриқонунӣ будани интихоботи 12 июни кишвараш такрор карда аз тарафдоронаш тақозо кард, ки шикояти худро аз натиҷаҳои интихобот идома диҳанд. Дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетии ӯ ба нашр расид, Мусавӣ аз мақомот озод кардани зиндониҳои сиёсиро тақозо карда ба баргузории ислоҳоти интихоботӣ ва таъмини озодиҳои матбуот даъват кард. Изҳороти мазкур баъди он нашр шуд, ки ниҳоди аршади нозири интихоботӣ - Шӯрои нигаҳбон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ натиҷаҳои интихоботро қонунӣ эълон карда роҳи Маҳмуди Аҳмадинажодро барои мӯҳлати дуюми чаҳорсолаи раҳбарӣ ҳамвор кард.
XS
SM
MD
LG