Пайвандҳои дастрасӣ

Людмила Зикина даргузашт


Телевизиони давлатии Русия дар бораи даргузашти Людмила Зикина, овозхони маъруфи таронаҳои мардумии русӣ хабар дод. Ахиран дар саросари Русия ҷашни 80-солагии ин овозхони маҳбуби наслҳои зиёд дар Русия ва қаламрави шӯравии пешин баргузор шуд. Итар-Тасс аз қавли табиби ӯ гуфт, ки хонум Зикина имрӯз дар як беморхонаи Маскав даргузашт. РИА Новости хабар медиҳад, ки ҳунарманди маъруфро рӯзи 25 июн ба шӯъбаи эҳёгарии яке аз касалхонаҳои Маскав оварданд ва ӯ дигар бо ҳамин ба ҳуш наомад. Садои беназиру пуршаҳомати вай барои наслҳои зиёди хонандаҳои таронаҳои мардумии Русия ҳамчун намунаи тақдими оҳангҳои фолклор хизмат мекард. Людмила Зикина солҳои охир аз саҳнаву овозхонӣ дур шуда буд.
XS
SM
MD
LG