Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Афви байнулмилал дар робита бо даъвати бархе рӯҳониёни аршади Эрон барои муҷозоти шӯришиён, ки аз рӯи қонунҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳукми маргро низ пешбинӣ мекунад, амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Элис Авербах аз бахши амрикоии созмони Афви байнулмилал, гуфт, "Афви байнулмилал хеле нигарон аст, ки аксари ин боздоштшудаҳо метавонанд мавриди шиканҷаи бераҳмонае қарор гиранд. Бахусус тавре шиканҷа шаванд, ки онҳоро барои ба дӯш гирифтани гуноҳ ва додани баёнот маҷбур кунанд ва баъдан ин наворҳо тавассути телевизиони Эрон намоиш дода мешавад".

Тибқи иттилои созмони Ташвиқоти ҳуқуқи башар дар Эрон, ки дар Ню-Йорк мустақар аст, баъди эътирозҳои баъдиинтихоботӣ дар ин кишвар садҳо донишҷӯёну омӯзгорон, хабарнигорону ислоҳотхоҳон боздошт шуданд. Тибқи хабарҳои дастрас, аз ин шумор фақат 29 нафар озод шудаанд.

Телевизиони давлатӣ бо пахши он чи, ки ҳамчун баёноти эътирозгарони боздоштшуда меномад, мегӯянд ин афрод барои бесубот кардани ҳукумат аз ҷониби Бритониё ва дигар давлатҳои ғарбӣ амал кардаанд.

Сара Витсон аз созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар гуфт, ки ҳукуматҳову созмонҳое, ки аз зиёдшавии мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон нигарон ҳастанд, бо истифода аз нуфузи худ талош доранд Теҳронро барои дасткашӣ аз маъракаи хушунату таъқиб водор кунанд.

Вай афзуд, «корномаҳои Эрон дар СММ бояд бознигарӣ шавад. Дипломатҳои ғарбиву шарқӣ, ки бо ин кишвар ҳамкорӣ мекунанду бояд ин равобитро идома диҳанд, ҳам дар сатҳи хусусӣ ва ҳам ба таври бозу ошкоро бояд аз амалкарди Эрон эътироз кунанд. Онҳо бояд, ба назари ман, ба таври мушаххас нишон диҳанд, ки вақте Эрон мегӯяд масъалаи поймолкунии ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Теҳрон як кори дохилӣ буда дигарон набояд ба умури ин кишвар мудохила кунанд, онҳо бояд ба таври ошкоро ин чизро напазиранд. Ин кори ҳама аст ва ин масъулияти давлатҳои хориҷӣ аст, ки ба ин масъала ишора кунанд".

Роксана Собирӣ, як хабарнигори амрикоӣ, низ имсол чанд моҳро дар яке аз зиндонҳои Эрон сипарӣ кардааст
Дар миёни ширкатдорони ин нишасти матбуотӣ инчунин Роксана Собирӣ, як хабарнигори амрикоӣ низ буд, ки имсол чанд моҳро дар зиндони Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ сипарӣ кардааст.

Ба саволи ин ки оё дар зиндони Эвини Теҳрон, ки вай аз феврал то маи имсол дар он нигаҳдорӣ мешуд, аз сари ӯ чӣ гузашт, вай гуфт, ки ӯ чӣ будани мафҳуми зиндонии сиёсӣ дар Эронро хуб дарк кард. Ба хотири ин ки ӯро дар саросари ҷаҳон шинохтанд, гуфт вай, касе нисбати ӯ шиканҷаи ҷисмониро раво надид, аммо чӣ будани ин мафҳумро ӯ хуб дарк мекунад.

Хонум Собирӣ гуфт, "ба эҳтимоли зиёд, ҳамаи боздоштшудаҳо баъди намоишҳои эътирозӣ таҳти шиканҷаи ҷисмонӣ қарор доранд. Ба фикри ман вазъи зиндониҳое, ки тоза дастгир шуданд, назар ба он чи ки аз сари ман гузашт, боз ҳам шадидтар аст".

Пеш аз боздоштшавии ӯ, ба ҳайси хабарнигори сокини Эрон Собирӣ шоҳиди ҳузури барҷастаи амниятиҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи мардум шудааст. Вай гуфт, ки дар Эрон тамоюли "амниятишавии" бештари ҷомеа эҳсос мешавад ва мардум барои изҳори назарҳои худ ҳарос доранд.

Вай гуфт, "бахусус дар аҳди ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод ба истилоҳ ингуна муносибати амниятиро нисбати ҷомеа бештар раво диданд. Тундравҳо дар ҷустуҷӯи шахсиятҳо ё гурӯҳҳои одамоне мебошанд, ки бо онҳо аз роҳҳои амниятӣ бархӯрд кунанд, яъне таҳдид ё зӯргӯӣ кунанд, ба зиндон андозанд ва ё ба додгоҳ кашонанд. Ва ин чиз дар ҷомеаи Эрон кор меравад, чунки мардум аз ширкат дар чорабиниҳои мушаххас худдорӣ мекунанд, дар созмонҳои ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи башар ё гурӯҳу созмонҳои донишгоҳӣ иштирок намекунанд, бо хориҷиҳо вориди гуфтугӯ намешаванд. Чунки аз назари тундравҳо ин нафарон зери пардаи хориҷӣ метавонанд фаъолиятҳои иттилоотиро зидди Ҷумҳурии Исломӣ пиёда кунанд".

Фаъолони ҳуқуқи башар таъкид карданд дар ҳолате, ки қазияҳои боздошти нафарони мисли Собирӣ боиси таваҷҷӯҳ ва эътирози байналмилалӣ шудааст, аксари шахсиятҳои боздоштшуда дар Эрон аз мавқеи сиёсӣ бархӯрдор нестанд, то ки қазияҳои онҳо бознигарӣ шавад.
XS
SM
MD
LG