Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани сарони динҳои ҷаҳонӣ дар Остона


Президентҳои Исроил, Шимон Перес (аз чап) ва Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар анҷуман.

Президентҳои Исроил, Шимон Перес (аз чап) ва Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар анҷуман.

Ҳангоми суханронии Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил намояндагони Эрон ба нишони эътироз толорро тарк карданд.

Ҳарчанд сарвари Исроил дар суханронии хеш дар анҷумани сарони динҳои ҷаҳонӣ ба таври мустақим дар бораи Эрон ҳарфе назад, ӯ аз барномаи ҳастаӣ дар Ховари Миёна интиқод кард ва гуфт, ки хуб мебуд одамон ба ҷои ғанисозии ураниум чун дар Исроил, ки навъи нави гандумро ба вуҷуд оварданд, ба ғанисозии гандум таваҷҷӯҳ мекарданд.

Коршиносон ин суханони Шимон Пересро ишорае ба барномаи ҳастаии Эрон хонданд. Вале дар анҷуман бархе аз сухангӯён, аз ҷумла худи Шимон Перес низ нақши адён ва мазҳабҳоро дар барқарории субот ва оромӣ ва дӯстиву рафоқати мардуми сайёра муҳим арзёбӣ карданд. Сарвари Исроил пешниҳод кард, ки барномаи сулҳро байни кишварҳои Араб ва Исроил дар Қазоқистон баррасӣ намоянд.
Вай ба шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдулло, ташаббускори барномаи сулҳ аз ҷониби кишварҳои араб муроҷиат кард, ки ҳамроҳ бо лидерҳои дигар кишварҳои араб ба Қазоқистон биёянд ва ояндаи бехатарии ҷаҳонро баррасӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатдорони анҷуман бояд дар рӯҳи ҳавохоҳӣ ба сулҳ ва рифоҳ дар ҷаҳон даст ба сӯи ҳамдигар дароз кунанд.
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, низ ҳангоми суханронӣ ба ин нукта ишора кард ва гуфт, ки алъон анҷуман дар шароити пуризтироб мегузарад.

Одамон муҳимтарин фармудаи худовандро фаромӯш карда, ҳамоно ҳамдигарро мекушанд. Ҳазорон бегуноҳ қурбонии мақсаду манофеи мавҳум мегарданд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, вазъ дар Афғонистон низ муташанниҷ мегардад ва дар ин ҷо боз бунёдгароён сар боло мекунанд ва кулли ҷаҳон пури маводи мухаддири дар ин кишвар тавлидгардида шудааст.

Тавре сарвари Қазоқистон таъкид кард, дар чунин авзои изтиробангез пешвоён ва ҳама аҳли мазоҳиб бояд нақши умда бибозанд.
Назарбоев изҳор кард, ки «имрӯз бештар аз пештар паҳлуҳои ахлоқиву башардӯстии дин зарурати фавқулода пайдо кардаанд. Аз ин хотир маҳз Шумо лидерҳои мазҳабӣ метавонед, раҳнамои эҳёи маънавият, яъне шарти асосии ба таври ҳамоҳанг рушд кардани ҷаҳон гардед. Ва мо ҳадафи асосии анҷуманамонро маҳз дар ҳамин мебинем».

Сарвари Қазоқистон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ торафт мефазояд ва ин хатари ҷиддиест ба сайёра.

Аз ин хотир ӯ пешниҳод кард, 29 август, он рӯзеро, ки 18 сол қабл Қазоқистон аз захираи бузурги силоҳи ҳастаиаш даст кашида буд, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷаҳонии даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ эълон кунад.

Ва ин пешниҳодро, тавре Сергей Орҷоникидзе, муовини дабири кулли СММ гуфтааст, ҳам ӯ ва ҳам худи дабири кулли Созмони Милал қабул доранд.

Анҷумани 3-юми лидерҳои адёну мазоҳиби ҷаҳониву анъанавӣ дар Остона ду рӯз идома хоҳад кард.

Ширкатдорони ҳамоиш, ки анқариб 80 нафар аз 35 кишвар ҳастанд , атрофи мавзӯъҳои «Нақши пешвоёни мазҳабӣ дар эъмори сулҳ бар пояи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамкорӣ», «Муколама ва ҳамкорӣ», «Ҳамбастагии вижа дар давраи бӯҳрон» ва «Арзишҳои ахлоқиву рӯҳонӣ ва ахлоқи ҷаҳонӣ» баҳс хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, анҷумани лидерони адюни ҷаҳонӣ дар Қазоқистон боре дар ҳар се сол гузаронида мешавад. Ду анҷумани қаблӣ солҳои 2003 ва 2006 дар Остона доир гардида буд.
XS
SM
MD
LG