Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Эрон конгресси мазҳабии Остонаро тарк кард


Имрӯз дар ҷараёни ҳамоиши таҳти унвони "Ҷаҳон ва мазҳабҳои суннатӣ дар Қазоқистон", ки дар Остона баргузор шуд ва дар он раиси ҷумҳурии Исроил Шимон Перес суханронӣ кард, намояндагони Эрон толорро тарк карданд. Рӯзи сешанбе Перес ва ҳамтои қазоқи ӯ Нурсултон Назарбоев барои тавсеаи равобити тиҷоратии миёни кишварҳояшон тавофуқ ҳосил карданд, ки аз рӯи нишондодҳои Остона соли гузашта 2,4 миллиард долларро ташкил додааст. Перес аз Озарбойҷон вориди Қазоқистон шуд ва ҳамроҳаш ҳайатеро иборат аз 60 мақоми давлативу соҳибкорон овард.
XS
SM
MD
LG