Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои ҷаҳонии варзишии донишҷӯён дар Белград


Имрӯз дар Сербистон 25-умин даври бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён оғоз шуд, аммо омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими варзиширо хатари тавсеаи вируси зукоми мурғ соя афкандааст. Ба мусобиқоте, ки дар Белград 12 рӯз идома мекунад, 10 ҳазор варзишгару мурраббӣ ва дигар мақомот аз 140 давлати ҷаҳон, ҳамчунин садҳо хабарнигорони хориҷӣ ҷалб шудаанд. Амнияти бозиҳоро ҳудудан 6000 афсари полис таъмин карда барои баргузории бозиҳо инчунин 10 ҳазор ихтиёриёни ҷавон ва ҳудудан 500 хориҷӣ кӯмак хоҳанд кард. Таҷаммуи баякбори ин миқдор одам нигарониҳои мақомоти беҳдоштро аз хатари тавсеаи эҳтимолии зукоми хук ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG