Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо мешавад


Имрӯз Шветсия раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда гирифта тааҳҳуд кардааст, ки дар роҳи коҳиши шиддати бӯҳрони иқтисодӣ ва тағйироти иқлим дар давоми шаш моҳи раҳбариаш корҳои амалӣ анҷом хоҳад дод. Имрӯз нахуствазир Фредерик Рейнфелдт гуфт, ки Шветсия барои баргузории конфронси вижаи муҳитзистие дар Стокҳолм омодагӣ мебинад, ки моҳи декабр баргузор мешавад. Масъалаи дигари вижа муқобила бо бекории афзоянда дар Аврупо мебошад, гуфт ӯ. Раиси Комиссиюни Аврупо Ҳосе Мануэл Бароссо дар нишасти муштараке ҳамроҳ бо Рейнфелдт дар Стокҳолм гуфт, ки Шветсия дар шаш моҳи оянда кори зиёде барои иҷро кардан дорад.

"Шиори раёсати Шветсия "Мубориза бо чолишҳо" аст. Аз ин дида мувофиқтар буда наметавонад. Онҳое, ки мехоҳанд тобистони дарозе дар соҳили дарё ва ё як тирамоҳи оромеро пушти сар кунанд, ноумед хоҳанд шуд. Дар давоми раҳбарии давраии Шветсия дар тӯли шаш моҳ кори зиёде бояд анҷом шавад".

Стокҳолм мехоҳад, ки имсол Иттиҳодияи Аврупоро ба имзои созишномаи нави СММ оид ба коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ водор кунад, ки ҷои протоколи Киоторо хоҳад гирифт. Маросими оғози расмии кори Шветсия ба ҳайси раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо шоми имрӯз дар Стокҳолм баргузор мешавад. Шветсия баъди шаш моҳи пурмушкили раҳбарии Ҷумҳурии Чех раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда мегирад ва салоҳиятҳои навашро дар шароите ба иҷро мерасонад, ки парлумони нави аврупоӣ тоза интихоб шуда ҳайати нави Комиссиюни Аврупо низ ба кор оғоз мекунад. Дар чанд моҳи дигар эҳтимолан чаҳорчӯби сохтории ин ниҳод шояд бо тағйироте дучор шавад, чунки моҳи октябр Ирландия ният дорад барои қабули созишномаи Лиссабон референдум баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG