Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори марзии байни Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар маҳалли Рузвайи ноҳияи Дарвоз, баста шудааст.

Раиси ноҳия Саидалӣ Мусофиров басташавии бозорро ба нигаронӣ аз авзои сиёсӣ дар минтақа марбут донист. Вай гуфт, ки аммо бо назардошти ором будани авзоъ ва ниёзи сокинони ҳар ду тарафи марз ба тиҷорат мақомоти ноҳия аз вазорати амнияти кишвар хостори иҷоза додан барои аз сар гирифтани фаъолияти бозор гардидааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик бозор кушода мешавад. Вай афзуд, ки дар бозори марзи то 200 нафар тоҷирони ҳарду тарафи хати марз ба шумули соҳибкорони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ барои табодули молу коло ҷамъ мешуданд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, бозори марзӣ дар пайи муттаҳам шудани чанд тан марзбон барои мусоидат ба убури ғайриқонунии марз ба атбои тоҷику афғон баста шудааст.

Дар пайи басташавии бозори марзии ноҳияи Дарвоз ҳамчунин бозори марзӣ дар маҳалли Теми Хоруғ низ аз ҷониби кормандони амниятӣ ва умури фарҳанги вилоят мавриди санҷиш қарор гирифта, аз се шаҳрванди афғон ба далели хилофи ислом будан адабиёти дини мусодира ва онҳо аз бозор ихроҷ шудааанд.

Ба иттилои идораи иқтисоди Бадахшон, аммо ба ғайр аз басташавии бозори марзии Рузвайи Дарвоз дар мавриди фаъолияти бозорҳои марзии дигар маҳдудият ҷорӣ нашудааст.

Сардори идораи иқтисоди вилоят Лаиф Шоҳзодаев гуфт, ки ба густариши тиҷорат дар бозорҳои марзӣ мардуми ҳарду тарафи соҳил манфиатдор буда, ин бозорҳо умдатан ба мақсади мусоидат кардан ба коҳиши сатҳи камбизоатии сокинони деҳоти марзӣ таъсис ёфтанд.

Алҳол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон се бозори бозори марзӣ, воқеъ дар маҳалҳои Рузвайи Дарвоз, Теми Хоруғ ва маркази ноҳияи Ишкошим амал мекунанд. Ба иттилоъи мақомоти вилоят, интизор меравад, ки то охири сол се бозори марзии дигар дар навоҳии Ванҷ, Ишкошим ва Дарвоз кушода мешавад.

Дар ҳамин ҳол қаблан як гурӯҳи соҳибкорон аз манотиқи марзии кишвар аз бозорҳои марзӣ дар Бадахшон дидан намуда, таъсиси чунин бозорҳои марзиро дар манотиқи дигари ҳаммарз бо Афғонистон муфид арзёбӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG