Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯзи синамохонаҳои шаҳри Душанбе


Дар байни толорҳои синамо дар Душанбе танҳо толори «Ҷомӣ», «Ҷавонон» ва «Вефа сентр» дар ҷалби тамошобинон муваффақ маҳсуб мешаванд.

Раҳим Дадабоев, раиси толори синамои «Ҷавонон», мегӯяд, онҳо бо толорҳои «Ҷомӣ» ва «Вефа сентр» ҳамкории зич доранд ва далели муваффақ будани ин се толор дар он аст, ки таҷҳизоти онҳо замонавист ва аз системаи нави садоӣ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Раҳим Дадабоев, синамохонаи «Ҷавонон» ҳамчунин барои ҷалби тамошобинон бо ширкатҳои телефонии кишвар ҳамкорӣ мекунад ва феҳрасти филмҳоро бо тариқи смс ба муштариён мефиристад.

Толори нави синамохонаи "Ҷавонон"
Ин дар ҳолест, ки ин се маркази синамои муваффақ низ филмҳоро тавассути дастгоҳҳои дискӣ ба тамошобинон пешкаш мекунанд ва гузашта аз ин дискҳо аслӣ набуда, балки тақаллубиянд. Ба қавли оқои Дадабоев, барои хариди навори филмҳо ва нусхабардории онҳо толорҳои шаҳр тавони молӣ надоранд.

Раиси толори синамои «Ҷавонон» изҳори умедвори кард, ки баробари ба даст овардани тавони молӣ навори филмҳоро харидорӣ кунанд ва ба тамошобинон филмҳои сифатнокро пешниҳод намоянд.

Дар шаҳри Душанбе наздик ба 30 маркази синамо вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо имкони молии ироаи филмҳо ба тамошобинонро надоранд ва ба фаромушӣ рафтаанд.
XS
SM
MD
LG