Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия раҳбари нави Иттиҳодияи Аврупо шуд


Имрӯз Шветсия раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда гирифта тааҳҳуд кардааст, ки дар роҳи коҳиши шиддати бӯҳрони иқтисодӣ ва тағйироти иқлим дар давоми шаш моҳи раҳбариаш корҳои амалӣ анҷом хоҳад дод. Имрӯз дар Стокҳолм ҳукумати Шветсия нишасти Комиссиюни Аврупоро, ки ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад, муҷригӣ карда расман аз худ ба ҳайси раҳбари ин созмон дарак хоҳад дод. Шветсия баъди шаш моҳи пурмушкили раҳбарии Ҷумҳурии Чех раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда мегирад ва салоҳиятҳои навашро дар шароите ба иҷро мерасонад, ки парлумони нави аврупоӣ тоза интихоб шуда ҳайати нави Комиссиюни Аврупо низ ба кор оғоз мекунад. Дар чанд моҳи дигар эҳтимолан чаҳорчӯби сохтории ин ниҳод шояд бо тағйироте дучор шавад, чунки моҳи октябр Ирландия ният дорад барои қабули созишномаи Лиссабон референдум баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG