Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳми Ҳасан Асадуллозода дар ободонии пойтахт


Хабаргузории давлатии "Ховар" хабар медиҳад, ки Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва вакили маҷлиси шаҳри Душанбе масъулияти ободонии боғи Рӯдакии пойтахтро ба дӯши худ мегирад. Ин тасмим дар чаҳорчӯби маъракаи нави 900 рӯзи ободонии кишвар, ки ба 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, амалӣ мешавад. Оқои Асадуллозода дар ин бора дар иҷлосияи 18-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе изҳорот дод, ки дирӯз баргузор шуд. Раҳбари "Ориёнбонк" ҳамчунин ваъда додааст, ки сохтмони як муҷтамаи нави варзиширо дар пойтахт ба дӯш мегирад.
Ҳасан Асадуллозода баҳори имсол барои ҷомеаи яҳудиёни Тоҷикистон як ҳавлиро дар маркази Душанбе барои бунёди канисаи яҳудиён тақдим кардааст.
XS
SM
MD
LG