Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза ва таҳдиди он ба Осиёи Марказӣ


Заминларзаи шадиди соли гузашта дар минтақаи Нури Қирғизистон боиси марги 74 нафар гардид
Заминларзаи шадиди соли гузашта дар минтақаи Нури Қирғизистон боиси марги 74 нафар гардид

Дар маҷаллаи навбатии илму фанноварӣ мавзӯъҳои бисёр ҷолиби илмие интихоб шудаанд, ки ба ҳар инсони оддӣ ва ба зиндагии мову шумо иртибот мегиранд.

Дар шаҳри Душанбе, дар як ҳамоиши байналмилалӣ зилзилашиносони Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо аз Осиёи Марказӣ масоили коҳиши хатароти заминларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Осиёи Марказӣ яке аз манотиқи зилзилахезтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз ин хотир дар нишаст, риояти меъёрҳои шаҳрсозӣ, зербунёдҳо ва рафтор зимни заминларзаҳои эҳтимолӣ ба хотири кам кардани қурбониву хисороти он таҳлилу баррасӣ мешавад. Конфронси минтақавӣ ба 60-умин солгарди заминларзаи мудҳиши Ҳоит дар Тоҷикистон бахшида мешавад.

Дар бораи ин конфронс ва масоили таҳқиқи заминларза дар Осиёи Марказӣ сӯҳбате доштем бо Фаршед Каримов, доктори илмҳои физика ва математика ва муовини мудири Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ дар Тоҷикистон. Нахуст аз ӯ пурсидем, то чӣ андоза ба пешгӯиҳои баъзе аз ҳамкорони хориҷиву дохилӣ метавон бовар кард, ки мегӯянд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки 20 соли оянда яке аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ метавонад, шоҳиди заминларзае бо шиддати 8 дараҷа шавад?

Сӯҳбати Фаршед Каримовро метавонед бо пахши ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифа бишнавед.

Наботот – сипари Замин аз гармиву сардӣ

Донишмандон бо нашри як пажӯҳиши тозае гуфтанд, маҳз олами наботот будааст, ки нагузоштааст, то курраи Замин дар чанголи сардии қаҳратун, ба яхистон табдил ёбад.

Пажӯҳиши мазкур ба тамоюли табиие рӯшанӣ меандозад, ки тайи садҳо миллион сол ба ҳайси сипаре дар миёни сардиву гармои шадид хидмат кардааст.

Замоне қутби шимоли курраи Замин, ки ҳоло яхистон аст, гарм ва ҷойи сукунати тимсоҳҳо будааст. Вале баъдан, даврони сарду тулоние дар курраи Замин ҳукмфармо шуд, зеро мизони гази карбон башиддат коҳиш ёфт, ки маҳз ҳамин газ намегузорад, то гармии офтоб аз фазои курраи Замин хориҷ шавад.

Дар он замон вулқонҳоии ҷӯшон гази карбон хориҷ мекарданд, комилан баръакси имрӯз, ки гази мазкур аз сӯзишвории нафтии зиёд ҳосил мешавад ва иқлими Заминро ба таври хатарноке тағйир медиҳад. Аммо дар он замон раванди табиие буд, ки гази карбонат ва ё диоксиди карбонро аз байн мебурд, яъне таҳти таъсири муҳит, гази карбон ба обҳои зеризаминӣ ҷаббида мешуд ва сипас ба уқёнус роҳ ёфта ва дар ниҳояти амр дар зери об таҳшин мегашт.

Олимон солҳои тӯлонӣ сари ин муааммо меандешиданд, ки чӣ сабаби аз байн рафтани ин раванди табиӣ шуд. Курраи Замин дар 25 миллион соли пеш, аҳди сабзидани кӯҳҳоро паси сар мекард, ки дар ҳамон замон кӯҳҳои Ҳимолой ва Анд ба вуҷуд омаданд.

Бар асоси фарзияҳо, ҳамин раванд бояд сабаби ҷаббидани тамоми гази карбон аз қабати поёнии атмосфераи Замин мешуд ва саёраи моро ба панҷаи сармои қаҳратуне меандохт. Аммо хушбахтона чунин нашуд ва суол ҳам ин аст, ки чаро?

Барои шунидани ҷавоб ба ин суол ва дигар матолиби ҷолиби маҷалла ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG