Пайвандҳои дастрасӣ

Дарёфти шаҳрвандии Русия мушкилтар мешавад


Дар Русия шурӯъ аз имрӯз, 1 июл, татбиқи қонун дар бораи раванди соддаи дарёфти шаҳрвандӣ қатъ мешавад. Ин раванд 15 сол идома кард ва тибқи он шаҳрвандони кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар Русия сабти ном шуда буданд, метавонистанд шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд. Ба иттилоъи расмӣ, аз ин роҳ шурӯъ аз соли 2002 беш аз 2 миллион нафар соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, аз ин баъд аз раванди соддаи дарёфти шаҳрвандӣ онҳое метавонанд истифода баранд, ки яке аз волидайнашон шиносномаи русӣ дорад. Аз ин имтиёз онҳое, ки баъд аз соли 2002-юм дар Русия соҳиби маълумоти миёнаи махсус ваё олӣ шудаанд, низ бархурдор хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG