Пайвандҳои дастрасӣ

СММ куштори Бҳутторо таҳқиқ мекунад


Як комиссиюни вижаи СММ вориди Покистон мешавад ва куштори сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007-ро таҳқиқ мекунад. Қарор аст фаъолияти ин комиссиюн, ки онро намояндаи кишвари Чилӣ дар СММ Эральдо Муньоз сарварӣ мекунад, ним сол идома кунад. Исломобод дар ташкили ҳамлаи террористӣ алайҳи хонум Бҳутто раҳбари ҷунбиши “Толибон” дар Покистон Байтулло Меҳсудро айбдор мекунанд. Артиши Покистон алайҳи пайравони Меҳсуд дар шимоли кишвар амалиёти густардаеро доир кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG