Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Бан Ки Мун


Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Дабири кулли СММ Бан Ки Мун хостанд, ки ба хотири пажуҳиши хушунат ва зӯроварӣ алайҳи ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ дар Эрон ба ин кишвар сафар кунад ваё намояндаи вижаеро ба Теҳрон фиристад. Дар як нишасти хабарӣ дар Ню Йорк намояндагони се созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар – Маъракаи байнулмилалӣ барои ҳуқуқи инсон, Аmnesty International ва Human Rights Watch изҳор намуданд, ки тибқи ахбори онҳо, айни ҳол дар Эрон тақрибан 2 ҳазор аз эътирозгарон боздошт шудаанд.
Тайи ду ҳафта дар Эрон намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома дошт. Бештари тазоҳургарон ҷонибдорони номзади ислоҳотталабон Мирҳусейни Мусавӣ буданд ва мегуфтанд, ки мақомот дар баршумурдани раъйҳо даст ба тақаллуб задаанд. Дар бархурдҳо бо полис дасти кам 17 нафар кушта шуданд. Рӯзи душанбе Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро дар ин маъракаи сиёсӣ тайъид кард.
XS
SM
MD
LG