Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шветсия - раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо


Кишвари Шветсия шурӯъ аз имрӯз ва тайи ним соли оянда раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш хоҳад дошт. Раёсати Иттиҳодия ба Шветсия аз Ҷумҳурии Чех интиқол меёбад. Сарвазири Шветсия Фредрик Рейнфельдт ахиран эълом дошт, ки вазифаи аслӣ дар ним соли оянда – мубориза бо тағйири иқлим хоҳад буд. Шветсия ба чанд мавзӯъи дигар, аз ҷумла, мубориза бо паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ, барномаи “Ҳампаймонии шарқӣ” ва қабл аз ҳама равобит бо Гурҷистон ва Украина ва ҳамчунин ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо низ бартарӣ хоҳад дод. Дар робита ба ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо сарвазири Шветсия хабар дод, ки интизор меравад тирамоҳ дар Ирландия раъйпурсии такрорӣ оид ба Созиши Лиссабон доир шавад.
XS
SM
MD
LG