Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯъҷизаи наҷоти як духтарак дар суқути ҳавопаймо


Аз суқути ҳавопаймои яманӣ дар соҳилҳои ҷазираи Қамари Уқёнуси Ҳинд як духтараки 14-сола ҷон ба саломат бурдааст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ин духтаракро дар баҳр пайдо карданд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса як писараки панҷсола наҷот ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол наҷотбахшон мегӯянд, ки дигар умеди зинда пайдо кардани нафаре аз 153 мусофир ва сарнишини ҳавопаймо боқӣ намондааст. Мақомоти ҷазираи Қамар дар робита ба ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари номусоидии ҳаво ва шамол сарнишинон ба шинондани ҳавопаймо муваффақ нашуданд ва барои дубора дар фурудгоҳи шаҳри Моронӣ фуруд омадан талош карданд. Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки соли 2007 бар асари ноқисиҳои техникӣ убури ҳарими ҳавои кишвар аз сӯи ҳавопаймои суқуткардаи А-310-300-ро манъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG