Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз хуруҷи нерӯҳо аз шаҳрҳои Ироқ


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико хуруҷи нерӯҳои кишвар аз шаҳрҳои Ироқро истиқбол кард ва аммо ҳушдор дод, ки дар роҳи таъмини амният дар Ироқ монеъаҳои зиёд дар пешанд:
Мо медонем, ки хушунат дар Ироқ идома хоҳад кард ва мо инро дар намунаи бамгузории бемаънии имрӯза дар Киркук дар субҳи имрӯз мебинем. Афроде ҳастанд, ки нерӯҳои амниятии Ироқ ва азми мардуми Ироқро аз роҳи ҳамлаҳои зиёди байнимазҳабӣ ва куштори шаҳрвандони бегуноҳ имтиҳон хоҳанд кард . Ва аммо ман мутмаинам, ки ин нерӯҳо шикаст мехуранд. Фардо азони онҳоест, ки бунёд мекунанд ва на азони онҳое, ки даст ба тахриб мезананд” .
Дирӯз нерӯҳои амрикоӣ ҳама шаҳрҳои Ироқро тарк намуданд ва аз ин ба баъд берун аз маҳаллҳои аҳолинишин мустақар хоҳанд шуд. Таъмини амният дар шаҳру деҳот аз ин баъд бар дӯши хадамоти амниятии Ироқ хоҳад буд.Дирӯз даҳҳо ҳазор ироқиҳо дар тантанаҳо бахшида ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз маҳаллаҳои аҳолинишин ширкат краданд. Дар Бағдод парадаи ҳарбӣ баргузор шуд.
Интиқоли назорат ба амнияти шаҳрҳо ба нерӯҳои ироқӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Пентагон аз ҳалокати чаҳор сарбози дар набарҳои ду рӯзи пеш ҷароҳатбардошта хабар дод. Тибқи созиши миёни Бағдод ва Вошингтон, нерӯҳои амрикоӣ то охири соли 2011 Ироқро комилан тарк мекунанд. Айни ҳол дар ин кишвар тақрибан 133 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG