Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Русия мегӯянд, бино бар ҳолати бади беҳдоштӣ ва вазъи иморатҳояш бозори Черкизово дар Маскав баста хоҳад шуд.

Хабари бастани ин бозор мо шояд аз он лиҳоз ҷолиб ба назар мерсад, ки дар ин бозор дар давоми 10-15 соли ахир даҳҳо ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик бо тиҷорат машғул будаанд ё дар ин бозор барои худ кор пайдо кардаанд.

Онҳо бо даромади худ дар ин бозор зиндагии ҳазорон ё шояд даҳҳо ҳазор хонаводаро дар Тоҷикистон гардон мекунанд.
Ин "об аз боло лой аст". То замоне, ки кордеҳон ғайрирасмӣ коргарро кор мефармоянд, онҳо аз пардохти андоз дар канор мемонанд...


Саид Боев яке аз онҳост. Вай солҳо дар ин бозор бо тиҷорат машғул будааст ва тоҷири муваффақи Черкизово низ шинохта мешавад.

Боев мегӯяд, масъалаи бастани ин бозор борҳо матраҳ шудааст. Вале ба ин кор муваффақ нашудаанд.

Вай ин бор ҳам ба бастани бозор бовар надорад: "Бозор баста намешавад, барои он ки бисёре аз шаҳрвандони Русия низ ба ин бозор эҳтиёҷ доранд, на фақат муҳоҷирон. Ҳозир дар ҳамаи нуқтаҳои Русия аз шунидани ин хабар дар таҳлукаанд. Онҳо аз бозори Черкиз бор мегиранд ва вобастагии сахт доранд".

Ба гуфтаи Саид Боев, бозори Черкизово ба умдафурӯшӣ машғул аст ва тоҷирон аз шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Русия барои бозорҳои худ аз ин ҷо бор мебаранд.

Дарвоқеъ, солҳост, ки мақомоти Маскав барои беҳбуди ҳолати санитарӣ дар қисмати Измайловои шаҳр, яъне дар ин бозор ва атрофи он мекӯшад.

Муҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули бахши мҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора чунин мегӯяд: "Чанд сол аст ман ба ин бозор меравам ва фикр мекардам, ки рӯзе ин бозор баста мешавад, чунки воқеан ҳолати ғайрисанитарӣ дорад. ба фикри ман, тасмими дуруст ҳам гирифтанд, ки бозорро банданд ва бадбахтона дар он ҷо беш аз 10 000 муҳоҷири тоҷик бекор мемонанд".

Тибқи муқаррарот, ҳар кишвар дар сурати бастани корхона ё муассисае дар қаламраваш бояд кормандони чунин корхонаҳоро ё бо ҷои кори дигар таъмин кунад ё бояд ба онҳо маблағе ҷубронпулӣ диҳад.

Вале Ҷалилов мегӯяд, ки тоҷирону коргарони бозори Черкизово, ба вижа муҳоҷирони кории тоҷик дар он ҷо бидуни қарордоди расмӣ кор мекунанд: "Шаҳрвандони мо, ки дар он ҷо кор мекарданд, метавонам бигӯям, ки 99 дарсадаш ғайриқонунӣ кор мекарданд. Ман бояд эътироф кунам, ки онҳо на дар манзили муайяне сабти ном шуда буданд ва на иҷозаи кор доштанд. Қабл аз бастани бозор бояд шаҳрвандони мо худро ба расмият медароварданд."

Сафорати Тоҷикистон бо назардошти шумораи зиёди тоҷикон дар ин бозор нуқтаи консулгарии худро боз кардааст, ва ҳамеша ташвиқ мекард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон кори худро дар ин бозор ба расмият дароранд. Вале ин кори осоне набуд, зеро кордеҳони маҳаллӣ барои ин гуна баҳона пеш меоварданд.

Ҷалилов мегӯяд: "Худи раҳбарияти бозор кӯшиш мекард, ки муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар он ҷо кор кунанд. Ин "об аз боло лой аст". То замоне, ки кордеҳон ғайрирасмӣ коргарро кор мефармоянд, онҳо аз пардохти андоз дар канор мемонанд. Яъне, агар корфармо ба 50-100 нафар кор дода бошад, бояд барои онҳо ба будҷаи давлат андоз супорад."

Саркашии кордеҳон аз пардохти андоз ва даромади ҳангуфти ғайриқонунӣ то ҳол бозори онҳоро гарм кардааст ва равнақ ҳам додааст.

Агар кор қонунӣ пеш мерафт, дар он сурат мумкин буд аз ҳисоби пардохти андоз ҳолати санитарии бозор ба чунин вазъи ногувор намерасид.

Дар мақолаҳое, ки имрӯзҳо дар матбуоти Русия ба нашр мерасад, омадааст, раёсати умумии кумитаи расидагии додситонӣ ба шаҳрдории Маскав пешниҳод кардааст, ки ин бозор баста шавад.

Владимир Малишов, раиси бахши бозори истеъмолии шаҳрдории Маскав баъд аз ин пешниҳод гуфтааст, ки бозори Черкизово муваққатан то поёни сол баста мешавад.

Вале ин нуқтаи назарҳо низ дар матбуот ба чашм мерасад, ки мумкин аст, баъд аз соли нав бозор комилан баста шавад, зеро касе масъулияти таъмини вазъи санитариро бар дӯш нахоҳад гирифт ва тоҷирони хориҷии бозор низ иҷозаи расмӣ ба даст нахоҳанд овард.

Дар чунин ҳолат то поёни сол муҳоҷирони кории тоҷик ё тоҷирони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз имкон доранд барои худ ҷои кор пайдо кунанд.

Тоҷир Саид Боев мегӯяд, тоҷирони тоҷик метавонанд дар ин муддат ба Ватан ҳам баргарданд. Вале масъала дигар аст: "Мардуми мо дар Ватан кор кардана одат накардаанд. Дар муҳоҷират онҳо маҷбуранд кор кунанд, то пул биёбанд. агар дар Ватан ҳамон кору зиндагии сахте, ки доранд, нисфашро кунанд, зиндагиашон ба хубӣ мегузарад. Ҳоҷати омадан ба ин ҷо ҳам нест".

Аммо Муҳаммадалӣ Ҷалилов бар ин ақида аст, ки баъд аз бӯҳрони сартосари молӣ кор дар сохтмонҳои Маскав ва Русия дубора оғоз шудааст ва мумкин аст ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати баста шудани бозори Черкизово дар сохтмонҳо ё бахшҳои дигар барои худ кор пайдо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG