Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар гузориши Freedom House


Брюс Панир, муаллифи яке аз бахшҳои гузориши солонаи Freedom House, Прага, 30 июни соли 2009.

Брюс Панир, муаллифи яке аз бахшҳои гузориши солонаи Freedom House, Прага, 30 июни соли 2009.

RFE/RL ва Freedom House гузориши наверо дар бораи вазъи равандҳои демократӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор нашр карданд.

Муаррифии он шоми сешанбе, 30-юми июн дар дафтари RFE/RL (Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ) дар Прага баргузор гашт. Мудири созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар Аврупо, Владимир Школников дар маҳфили муаррифии гузориш гуфт, соли 2009 барои кишварҳои нави Аврупои Марказӣ ва Авруосиё соли мушкиле буд ва дар таърих бо давраи ташаккули "режимҳои устувори авторитарӣ" боқӣ хоҳад монд.

Мудири созмони Хонаи Озодӣ дар Аврупо, Владимир Школников мегӯяд, аз 29 кишвари мавриди мутолиа дар 18-тои онҳо ҳамаи нишондиҳандаҳои демократия поин омадаанд ва дар 8 кишвар "режимҳои устувори авторитарӣ" таъсис ёфтаанд. Инҳо, Беларус, Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаанд, ки бо вуҷуди тафовутҳо дар ҷузъ умумиятҳои қавие дар кул доранд.

Пажӯҳишгарони Хонаи Озодӣ ҳамчунин дарёфтаанд, ки ваъдаҳои рушди мардумсолорӣ дар кишварҳои, ба истилоҳ, "инқилобҳои ранга" низ зери шубҳа мондаанд ва ҳатто баракс хеле зуд дар онҳо низ коҳиши демократия ба вуқӯъ пайвастааст.

Чунончӣ, дар Қирғизистоне, ки тазоҳуроти мардумӣ ҳукумати наверо ба қудрат расонд, қонуни шадиди зидди тазоҳурот ва таҷаммӯъ ба тасвиб расид, ки озодии шаҳрвандонро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекунад.

Дар Гурҷистон интихоботи доғдори порлумонӣ ҷараён гирифт, ки дар рафти он ҳизби ҳоким аз имкониятҳои дастгоҳи маъмурӣ ба суди худ истифода кард. Дар Украина, макони "инқилоби норанҷӣ", кашокаши сарони собиқи инқилоб дар сатҳи олии давлат сабаби нокомии ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ мешавад.

Дар ҳоле ки Хонаи Озодӣ, зуҳури "ҳаштгонаи оҳанин"-ро як рекорде дар давраи пасошӯравӣ меномад, мегӯяд, дар Озарбойҷон ва Арманистон дар ҷараёни интихобот ва пас аз эълони натиҷаҳои он ҳукумат мухолифонашро саркӯб кард.

Агар дар Туркманистон, бо тағйири раҳбар умед ба ислоҳот буд, акнун чунин умедворие дигар боқӣ намондааст ва дар Узбакистон ҳамоно сухани озод мавриди ҷазо қарор мегирад.

Хонаи Озодӣ махсусан ба вазъи Қазоқистон таваҷҷӯҳ медиҳад, зеро ин кишвар аз соли оянда раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар ӯҳда хоҳад дошт. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд, на ба яккаҳокимияти ҳизбҳо, балки ба яккаҳокимияти шахсони алоҳида айбдор мешаванд.

Ин факт шигифтангез номида мешавад, ки вазъ сол то сол бадтар мешавад, дар ҳоле ки ҳанӯз ду сол пеш гумон мерафт, ин раванд бо қаърии чоҳ расидааст ва акнун бояд шоҳиди болоравӣ буд.

Тоҷикистон дар ин арзишёбӣ як намунаи рӯшан дониста мешавад. Чунончи, агар дар соли 1999-2000 ин кишвар аз рӯйи ҷадвали 1-беҳтарин демократия ва 7 -- бадтарин ҳокимияти авторитарӣ 5.75 баҳогузорӣ шуда буд, ҳоло баҳои он 6.14-ро ташкил медиҳад. Дар бархе аз ҷанбаъҳои баҳои Тоҷикистон зиёда аз 1 дараҷа поён афтодааст.

Ин ҷанбаъҳо -- хосияти демократии низоми давлат бо тақсими ошкорои шохаҳои қудрат, интихоботи озоду одилона ва шаффоф, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии матбуот, ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва ақаллиятҳои миллию мазҳабӣ, баробарии ҳамагон дар назди қонун, истиқлолияти додгоҳ ва сатҳи фасоди моливу таъсири он ба кори давлат, иқтисодиёт, иҷрои қонун мебошанд.

Дар ҳамаи ин самтҳо баҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ поён афтодааст ва фосилаи байни онҳо назар ба соли гузашта камтар шудааст. Чунончи баҳои куллӣ ба вазъи демократия дар онҳо:

  • Қирғизистон 6.04
  • Русия - 6.11
  • Озарбойҷон - 6.25
  • Қазоқистон - 6.32
  • Тоҷикистон 6.14
  • Беларус -- 6.57
  • Узбакистон - 6.89
  • Туркманистон - 6.93

НУКОТИ АСОСИИ БАХШИ МАРБУТ БА ТОҶИКИСТОН

Дар оғози гузориш гуфта мешавад, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар соли гузашта асосан ба кӯмакҳои беруна такия карданд. Аммо бетаъсири ин кӯмакҳо ва тиҷорати хориҷии кишвар ба ҳаёти мардум дар пасманзари баҳсҳои марбут ба ширкати Талко ва бозрасии Сандуқи байнулмилалии пул мояи гуфтугузорҳо шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз хитобаҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва талошҳои давлатсозӣ дар байни мардумс ба таври умум маҳбуб боқӣ мондааст. Вай соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълон кард, ки маънии таъкид бар мазҳаби ҳанафии тоҷиконро гирифт.

Талошҳои мазкур ҳолати дугона мегиранд, зеро аз рӯйи таъиноти зотӣ ва ё мақсад онҳо ба табъизи ақаллиятҳои қавмӣ ва динӣ, монанди узбакҳо ва ғайриҳанафиён роҳ мекушоянд. Дар ин сол ҳамчунин ҳабсу маҳкумияти онҳое афзоиш дошт, ки ба тундгароии исломӣ айбдор мешаванд. Бо вуҷуди ин тағйирот баҳои "Хонаи Озодӣ" ба Тоҷикистон дар боби ҳокимияти миллию демократӣ бетағйир боқӣ монд.

ИНТИХОБОТИ ОЯНДА

Дар ҳоле ки интихоботҳо аз нишондиҳандагонми барҷастаи вазъи равандҳои демократӣ мебошанд, кишвар дар соли 2010 рӯ ба интихоботи порлумонӣ хоҳад овард. Аммо талошҳои тағйири қонуни интихобот то ҳол натиҷае надодаанд. Мухолифон бар инанд, ки қонуни мазкур ба интихоботи озоду одилона ва шаффоф шароит фароҳам намеорад.

Дар риштаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, кишвар қонуни наве ба тасвиб расонд, ки тибқи он аз ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ даъват шуд, дигарбора сабти ном шаванд. Маъракаи мазкур сабаби то 55 дарсад коҳиш ёфтани шумораи чунин ниҳодҳо гардид. Чандин созмони ғайридавлатии муҳим дигар натавонистанд, фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар як соли гузашта низ матбуоти озодро таҳаммул кард. Падидаҳои таъқиби ошкоро барои танқиди мақомоти давлат ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра чанд нашрияи нав сабти ном шуд ва ба фаъолият сар кард. Аммо ҳамоно бо баҳонаи "муҷаввиз" даҳҳо тарҳи таъиси радио ва телевизионҳои нав иҷронашуда боқӣ монданд. Созмони "Хабарнигорони Бидуни Марз" Тоҷикистонро дар озодии матбуот дар байни кишварҳои шӯравии собиқ беҳтарин унвон кард.

Аммо дар ҳамин ҳол аз афзоиши ҳодисаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ аз тарафи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар мерасад. Ба ақидаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин падидаҳо дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо кишвар ҳодисаҳои муқаррариянд. Додварҳои додгоҳ асосан аз тараи раисиҷумҳур таъин мешаванд ва ба таври мустақим ё ғайримустақим таҳти таъсири ҳукумат боқӣ мемонанд.

Ислоҳоте ки дар шабакаи маҳбасҳо, бо супурдани онҳо ба ихтиёри Вазорати адлия шурӯъ шуда буд, нотамом боқӣ мондааст.

Аксари коршиносон ва худи мардуми одии Тоҷикистон фасод ё "коорупсия"-ро решаи бисёре аз нокомиҳо ва бадбахтиҳои кишвар мешуморанд. Бар замми бартарӣ пайдо кардани он дар ағлаби хадамоти иҷтимоӣ, фасод бахше аз ҳама гуна додугирифтҳои молист, махусан дар робита ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва тавлиду судури пахтаву алюмин.


XS
SM
MD
LG