Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон барномаи танзими молиашро эълон кард


Имрӯз Гурҷистон барномаи танзими молиро барои иқтисоди муттазалзили худ эълон кард. Ин кишвар умед дорад, ки барои иҷрои ин барнома 200 миллион доллар аз муассисаҳои молии ҷаҳон қарз бигирад. Ҳукумат дар изҳороти худ гуфтааст, ин барнома фаъолияти бонкҳоро тезтар ва аз бахши сохтмон ҳимоят хоҳад кард. Ҳукумат ба нақша гирифтааст, ки аз Бонки аврупоии рушду бозсозӣ ва аз Бонки осиёии рушд қарз бигирад. Ин маблағ бар изофаи 4,5 миллиард долларест, ки кишварҳои кумаккунанда баъд аз ҷанги моҳи августи соли гузаштаи Русияву Гурҷистон ба ин кишвар ваъда дода буданд.
XS
SM
MD
LG