Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон Аҳдномаи Иттиҳодияи Аврупоро боз дошт


Имрӯз додгоҳи Олии Олмон эълон кард, ки Аҳдномаи Лиссабони Иттиҳодияи Аврупо бо Қонуни Асосии Олмон мутобиқ аст. Аммо додгоҳи Қонуни Асосӣ дар Карлсруҳе мегӯяд, қабл аз он, ки ин Аҳднома ба тасвиб расад, бояд як санади изофӣ таҳия ва тасвиб шавад, то Аҳднома дар қаламрави Олмон эътибор пайдо кунад. Порламон ин санадро ба тасвиб расондааст, вале Ҳорст Коҳлер-раиси ҷумҳури Олмон дар он имзо нагузоштааст. 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бояд ин санадро ба тасвиб рсонанд. То ҳол ин кор дар 23 кишвар анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG