Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табиби ҷавони тоҷик ба таври мармуз ҷон дод


Дар Душанбе Хуршед Бобокалонов-табиби бемориҳои саратон пас аз як муноқиша бо кормандони пулис даргузаштааст. Ҳоло миёни хешовандони ин пизишк ва кормандони вазорати умури дохила баҳсҳо идома дорад. Кормандони пулис мегӯянд, Бобокалонов аз истеъмоли зиёди шароб ва бемории дил дар роҳ ба сӯи боздоштгоҳ ҷон додааст. Вале хешовандони Бобокалонов пофишорӣ мекунанд, ки ин пизишки 32 сола комилан солим буд ва шаробнӯшӣ намекард ва аз зарби лату кӯби кормандони пулис кушта шудааст. Хуршед Бобокалонов қоидаи роҳро риоят накард ва пулис ӯро ҳангоми гузаштан аз роҳ боздошт кард.
XS
SM
MD
LG