Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мусофири ҳавопаймои афтидаро наҷот доданд


Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Яман бо 153 сарнишин субҳи имрӯз бар фарози уқёнуси Ҳинд дар наздикии силсилаҷазираҳои Қамар ба садама дучор ва ба уқёнус сарозер шуд. Муҳаммад Абдулқодир-муовини раиси ширкати ҳавопаймоии Яман мегӯяд:
"Ин ҳавопаймо бо 153 нафар парвоз мекард. 139 мусофир 3 кӯдак ва 11 нафар халабон".

Мақомоти ширкати ҳавоии мусофирбарӣ гуфтаанд, ҷасади баъзе мусофиронро пайдо кардаанд. Як нафар ҳам зинда наҷот дода шудааст. Ҳавопаймои бузург, яъне Аэробус 310 аз шаҳри Санъо-пойтахти Яман ба Моронӣ-маркази ҷазираҳои Қамар парвоз мекард. Ду ҳавопаймои низомии Фаронса аз ҷазираҳои Мейот ва Реюниони уқёнуси Ҳинд ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткарда идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG