Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ, ки дар варзишгоҳи ноҳияи Ҷиргатол тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Зикриё Бухориев ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар рақобатҳои инфиродӣ 118 паҳлавон аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт иштирок карданд».

Панҷ нафар гуштигирони Душанбе – Миралӣ Меҳбуллоев (дар вазни 65 кг), Ризвониддин Бурҳонов (70 кг), Шӯҳрат Каримов (75 кг), Ҷаҳоншо Сафаров (80 кг) ва Айём Ҷабборов (+95 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Инчунин Самандар Қаландаров (вилояти Хатлон, 60 кг), Сӯҳроб Сайдализода (шаҳри Ваҳдат, 55 кг), Дадахон Қурбоналиев (шаҳри Турсунзода, 86 кг) ва Бахтиёр Турахонов (ноҳияи Нуробод, 95 кг) бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Узви дастаи вилояти Хатлон Абдуваҳҳоб Сатторов дар вазни мутлақ ғолиб шуд.
XS
SM
MD
LG