Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Қазоқистону Исроил мулоқот карданд


Имрӯз Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил дар Остона-пойтахти Қазоқистон бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Онҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Интизор меравад, ки пагоҳ, рӯзи чаҳоршанбе Шимон Перес дар конфронси намояндагони динҳои мухталиф дар Остона суханронӣ кунад. Раиси ҷумҳури Исроил аз Озарбойҷон вориди Остона-пойтахти Қазоқистон шуд. Вай дар Озарбойҷон бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот ва дар бораи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фарҳанг, омӯзишу парвариш ва таҷҳизоти нав қарордод имзо кард.
XS
SM
MD
LG