Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дар мулоқоти Либия суханронӣ мекунад


Бино ба иттилоъти хабаргузории Меҳри Эрон, ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон ба Либия сафар ва дар он ҷо дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Африқо суханронӣ кунад. Дар ин боздиди серӯза Аҳмадинажодро ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар ҷараёни боздид масъалаҳои ҳамкориҳои кишоварзӣ ва сармоягузорӣ низ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG