Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Ироқ амниятро ба дасти худ мегиранд


Имрӯз нируҳои Ироқ дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои ин кишвар ба ҷои нируҳои амрикоӣ таъмини амниятро бар дӯш гирифтанд. Ин кор баъд аз 6 соли вуруди нируҳои Амрико ба Ироқ сурат гирифт. Мардуми Ироқ ин рӯйдодро ҷашн гирифтанд, вале сарбозон ва нируҳои пулис дар хиёбонҳо мегаштанд, то шӯришиён ба ҷашни мардум халал нарасонанд. Хуруҷи комили нируҳои Амрико аз Ироқ дар охири соли 2011 ба поён мерасад. Ҳоло дар Ироқ 133 000 нафар низомиёни Амрико мустақаранд.
XS
SM
MD
LG