Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Яман бо 153 нафар ба уқёнуси Ҳинд афтод


Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Яман бо 153 сарнишин субҳи имрӯз бар фарози уқёнуси Ҳинд дар наздикии силсилаҷазираҳои Қамар ба садама дучор ва ба уқёнус сарозер шуд. Мақомоти ширкати ҳавоии мусофирбарӣ гуфтаанд, ҷасади баъзе мусофирон пайдо шудааст, вале рӯшан нест, ки касе аз онҳо зинда монда бошад. Ҳавопаймои бузург, яъне Аэробус 310 аз шаҳри Санъо-пойтахти Яман ба Моронӣ-маркази ҷазираҳои Қамар парвоз мекард. Ду ҳавопаймои низомии Фаронса аз ҷазираҳои Мейот ва Реюниони уқёнуси Ҳинд ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткарда шуруъ кардаанд. Бино ба хабарҳо, аксари сарнишинони ин ҳавопаймо шаҳрвандони Фаронса ва Коморос будаанд. Доминик Бассероу-вазири нақлиёти Фаронса мегӯяд, ҳавопаймо нуқси фаннӣ надошт, шояд ҳавои бад сабаби дучори ҳавопаймо ба ин ҳодиса шудааст.
XS
SM
MD
LG