Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти бузургтарин қаллоби аср


Бернард Медоф бо ташкили пирамидаи молӣ 65 миллиард доллари муштариёнашро рабуда буд

Бернард Медоф бо ташкили пирамидаи молӣ 65 миллиард доллари муштариёнашро рабуда буд

Сармоядор Бернард Медоф, ки дар яғмои чандин миллирад доллар айбдор мешуд, ахиран аз сӯи додгоҳи Амрико ба 150 соли зиндон маҳкум гашт.

Дар мурофиа гуфта шуд, ки Медоф аз роҳи ташкили пирамидаи молӣ 65 миллиард доллари муштариёнашро рабуда буд. Додраси додгоҳ ҳукм содир кард, ки Медоф бояд 171 миллиард доллар ҷуброн пардохт кунад.

Тибқи ин ҳукм, ҳамсари Медоф Рут аз 85 миллион доллараш маҳрум шуд. Хонуми Медоф иддао дошт, ки ин маблағи худи ӯст ва ба ҳуққабозиҳои молии шавҳараш иртиботе надорад.

Сармоядори амрикои Бӯрт Росс, ки дар натиҷаи қаллобиҳои Медоф дастикам 5 миллион долларро аз даст додааст, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳукми додгоҳро мунсифона номид.

Медоф дирӯз ҳангоми ворид шуданаш ба толори додгоҳ хомуш ва парешон менамуд. Тӯли ду соати муҳокимаи парвандааш ӯ дар курсии айбдорӣ бо сари хам менишаст. Толори додгоҳ аз шоҳидон, зарардидагон ва рӯзноманигорон пур буд ва замоне, ки дорас ҳукмро эълон кард, баъзеҳо ҳатто кафкубӣ карданд.

Ва аммо ин кафкубиҳо дер идома накарданд, зеро маълум шуд, баъди ин ҳукм афроде, ки аз дасти Медоф зарар дидаанд, гумон аст сармояи худро баргардонанд. Ва аммо бо вуҷди ин бархе аз онҳо, аз ҷумла Бӯрт Росс, аз ҳукм розӣ буданд, зеро ба гуфтаи Росс, муҳим он аст, ки Медоф ҷазояшро дид.

Дар ин мурофиа вакили дифои Медоф гуфт, ки шахси таҳти ҳимояташ бояд ба 12 соли зиндон муҷозот шавад, чунки баъид аст, ки вай аз 13 сол бештар умр бинад. Баъд аз суханронии вакили дифоъ навбат ба худи муттаҳам расид ва ӯ гуфт, ки аз карда бисёр пушаймон аст ва умеди бахшишро надорад.

Ӯ афзуд, ки бовар дошт, метавонад қаллобиашро ислоҳ кунад, аммо ноком шуд. Дар фарҷом Медоф ба зарардидагон рӯ овард ва аз онҳо узр хост.

Бар асари ҳуққабозиҳои Медоф ҳазорон нафар зарар дидаанд. Аксари онҳо афроди саршинос ва сарватманде буданд, ки бо сармоягузорӣ ба пирамидаи молии Медоф ва ба умеди ин, ки вай пули онҳоро бештар хоҳад кард, миллионҳо доллари худро аз даст доданд.

Шикасти онҳо ба андозае риққатовар буд, ки 5 000 ҳуқуқшинос аз кишварҳои гуногун барои дифоъ аз ҳаққи онҳо як иттиҳоди вакилонро таъсис доданд.
XS
SM
MD
LG