Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои нигаҳбон пирӯзии Аҳмадинажодро таъйид кард


Эъломи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12-уми июн мавҷи тазоҳуроти эътирозии мухолифинро дар пай дошт

Эъломи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12-уми июн мавҷи тазоҳуроти эътирозии мухолифинро дар пай дошт

Шӯрои нигаҳбони Инқилоби исломии Эрон, баъди бозшумории бахше аз раъйҳо пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботро таъйид кард.

Ба Шӯрои нигаҳбон 12 нафар шомиланд ва он бонуфузтарин ниҳод дар Эрон маҳсуб мешавад.

Тиюқи иттилои мақомоти расмии Эрон, дар интихоботи рӯзи 12-уми июн раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод бо дарёфти 63 дарсади раъйҳо пирӯз шудааст.

Рақиби аслии ӯ - номзади ислоҳотталабон Мирҳусейни Мусавӣ аз ин пеш тақозо мекард, ки натоиҷи интихобот лағв ва раъйдиҳии нав доир шавад.

Эълони қаблии натоиҷи интихобот боиси ба хиёбонҳо рехтани ҷонибдорони номзадҳои ноком шуда буд. Бар асари бархурди тазоҳургарон бо пулис 8 нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол тақрибан 2 ҳазор нафар аз мухолифин боздошт шуда, садҳо нафар беному нишон ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG