Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зелайя ба Ҳондурас бармегардад


Мануэл Зелайя, раисиҷумҳури ихроҷшудаи Ҳондурас гуфт, ки ӯ бо вуҷуди кудатои низомӣ рӯзи панҷшанбе ба кишвараш бармегардад. Раҳбари Ҳондурас афзуд, ки Мигел Инсулза, раиси Созмони кишварҳои амрикоӣ, хостори ҳамсафарӣ бо Зелайя ба Ҳондурас шудааст. Қабл аз сафар Зелайя ва Инсулза дар як нишаст дар Вошинтон оид ба бӯҳрон дар Ҳондурас ширкат хоҳанд кард.
Ахиран Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, кудатои низомӣ дар Ҳондурасро маҳкум кард ва хостори эҳёи ҳукумати қонунӣ дар ин кишвар шуд. Баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Колумбия Алваро Урибе дар Кохи Сафед Обама гуфт, ки Вошингтон ҳамроҳ бо Созмони кишварҳои амрикоӣ барои ба мақомаш баргаштани раисиҷумҳури барканоршудаи Ҳондурас Манэл Зелайя талош хоҳад кард.
Интизор меравад, ки имрӯз Маҷмааи Кулли СММ вазъ дар Ҳондурасро баррасӣ кунад.
Кудатои низомӣ дар ин кишвари воқеъ дар Амрикои марказӣ рӯзи якшанбе ба вуқуъ пайваст. Гурӯҳи низомиён кохи раисҷумҳур Мануэл Зелайяро муҳосира ва баъдан ӯро боздошт ва аз кишвар хориҷ карданд. Кафили раёсатҷумҳурӣ Роберто Мичелетти дар Ҳондурас қуюди шабгардӣ эълон намуд.
XS
SM
MD
LG