Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои нигаҳбон тасмими ниҳоии худро эълон кард


Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ, баъди баршумурдани такрории як бахши раъйҳо, пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро тайид кард. Ба Шӯрои нигаҳбон 12 нафар шомиланд ва он бонуфузтарин ниҳод дар Эрон маҳсуб мешавад. Ба иттилоъи расмӣ, дар интихоботи рӯзи 12 июн раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод бо дарёфти 63 дар сади раъйҳо пирӯз шудааст. Рақиби аслии ӯ - номзади ислоҳотталабон Мирҳусейни Мусавӣ аз ин пеш тақозо мекард, ки натоиҷи интихобот лағв ва раъйдиҳии нав доир шавад.
Эълони қаблии натоиҷи интихобот боиси ба хиёбонҳо рехтани ҷонибдорони номзадҳои ноком шуда буд. Бар асари бархурди тазоҳургарон бо пулис 8 нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол тақрибан 2 ҳазор нафар аз мухолифин боздошт шуда, садҳо нафар беному нишон ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG