Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи амрикоиҳо - иди миллии Ироқ


Дар Бағдод ҳазорон нафар хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз шаҳрҳои Ироқро ҷашн гирифтанд. Хуруҷи низомиёни ИМА аз шаҳру маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин, тибқи созиши миёни Бағдод ва Вошингтон ҳосилшуда, бояд имрӯз поён ёбад. Ҷашне, ки бегаҳи дирӯз дар Бағдод шурӯъ шуд, имрӯз ҳам идома хоҳад кард, зеро 30 июн дар Ироқ иди миллӣ эълон шудааст. Ба ин муносибат ва бо назардошти чанд ҳамлаҳои бузурги террористии ҳафтаҳои ахир, дар Бағдод аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст. Интизор меравад, ки нерӯҳои амрикоӣ то охирҳои соли 2011 Ироқро комилан тарк кунанд. Дирӯз фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ генерал Рей Одиерно изҳор намуд, ки артиш ва дигар ниҳодҳои қудратии Ироқ барои таъмини амният дар шаҳрҳои кишвар баъд аз хуруҷи низомиёни ИМА омодаанд.
XS
SM
MD
LG