Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Косово узви ду созмони бонуфузи молӣ шуд


Косово расман ба узвияти Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Раисиҷумҳури Косово Фатмир Сейдиу ва сарвазир Ҳошим Тачӣ рӯзи душанбе дар Вошингтон асноди вуруд ба ду созмони молиро имзо карданд. Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ як моҳ пеш ба Приштина пешниҳоди узвият карда буданд.
Косово моҳи феврали соли 2008 якҷониба истиқлоли худро эълом дошт ва то имрӯз беш аз 60 кишвар, аз ҷумла, ИМА ва аксар мамолики узви Иттиҳодияи Аврупо, ин ҷумҳуриро ба расмият шинохтаанд. Русия ва Сербистон аз эътирофи Косово чун кишвари мустақил сарпечӣ мекунанд ва то ҳол онро як бахши Сербистон мехонанд.
XS
SM
MD
LG