Пайвандҳои дастрасӣ

Мэдофф ба 150 соли зиндон маҳкум шуд


Cармоядори амрикоӣ Бернард Мэдофф, ки ӯро дар яғмои чандин миллиард доллар айбдор мекарданд, ахиран аз сӯи додгоҳи ИМА барои 150 сол равонаи зиндон шуд. Зимни тафтишот ошкор гардид, ки Мэдофф аз роҳи ташкили пирамидаи молӣ 65 миллиард доллари муштариёнашро рабудааст. Додраси додгоҳ ҳукм содир кард, ки Мэдофф бояд 171 миллиард доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад. Тибқи ин ҳукм, Рут - ҳамсари Мэдофф аз 85 миллион доллараш маҳрум шуд. Хонум Мэдофф иддао дошт, ки ин маблағи худи ӯст ва ва ба қаллобиҳои молии шавҳараш иртиботе надорад.
Дар фарҷоми мурофиаи додгоҳӣ Мэдофф аз зарардидагон узр хост. Бар асари қаллобиҳои Бернард Мэдофф ҳазорон нафар аз маблағҳои бузурги худ маҳрум шуданд. Бештари онҳо афроди саршинос ва сарватманде буданд, ки ба умеди пайдо кардани маблағи бештар пирамидаи молии Мэдоффро сармоягузорӣ карданд. Шикасти онҳо ба андозае риққатовар буд, ки панҷ ҳазор ҳуқуқшинос аз кишварҳои гуногун барои дифоъ аз ҳаққи онҳо як иттиҳоди вакилонро таъсис доданд.
XS
SM
MD
LG